Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни вилояҳои Суғду Витебск

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо  сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук мулоқот анҷом дод. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, аз рӯйи натоиҷи гуфтушуниди ҷонибҳо байни вилояти Суғд ва вилояти Витебски Белорус дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Қоҳир Расулзода  бо […]

ASIA-Plus


Имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо  сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук мулоқот анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, аз рӯйи натоиҷи гуфтушуниди ҷонибҳо байни вилояти Суғд ва вилояти Витебски Белорус дар бахшҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Қоҳир Расулзода  бо номи яке аз фарзандони шуҷои тоҷик,- Домулло Азизов, Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ  номгузорӣ шудани  яке аз мактабҳои Ҷумҳурии Белорусро тасдиқи муносибатҳои неку собиқадори ин ду кишвар баён кард. Ҳамчунин имкониятҳои минбаъдаи вусъат бахшидани ҳамкориҳои вилояти Суғдро бо тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Белорус, аз он ҷумла дар соҳаҳои мошинсозӣ, мебелсозӣ, коркарди маҳсулоти чармӣ ва саноати хӯрокворӣ  зарур шуморид.

Дар навбати худ  сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук қайд намуд, ки Ҷумҳурии Белорус яке аз бузургтарин  истеҳсолкунандаи техникаи хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб рафта, 8 фоизи тракторҳои дар ҷаҳон истеҳсолшавандаро таъмин намуда, ғайр аз ин 3 фоиз мошинолоти бузурги кӯхканиро низ ин кишвар  ба бозори ҷаҳонӣ содир менамояд.   Дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз қабили панир, равғани растанӣ ва қанд мавқеи устувор дорад. Ҳамчунин дар мулоқот ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмиву  фарҳангӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, дар тамоми самтҳо омода будани Ҷумҳурии Белорусро бо вилояти Суғд изҳор дошт.

Дар идомаи сафари худ сафири Белорус дар Олга Гаврук аз корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ва «САТН», ҶС « Қолинҳои Қайроққум», корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ва  ҷойҳои таърихию тамошобоби вилоят боздид ба амал меорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.