Маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон – беш аз 1,9 млрд. $

Сандуқи сармоягузории Тоҷикистон ба санаи 1-уми апрели соли 2012 дорои 60 лоиҳаҳои давлатӣ мебошад, ки маблағи умумии онҳо 9,2 млрд. сомонӣ (беш аз 1,9 млрд. $)-ро ташкил медиҳад. Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, айни замон дар кишвар 21 лоиҳаи қарзии сармоягузорӣ, 24 лоиҳаи бурсӣ амал карда, […]

Пайрав Чоршанбиев


Сандуқи сармоягузории Тоҷикистон ба санаи 1-уми апрели соли 2012 дорои 60 лоиҳаҳои давлатӣ мебошад, ки маблағи умумии онҳо 9,2 млрд. сомонӣ (беш аз 1,9 млрд. $)-ро ташкил медиҳад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, айни замон дар кишвар 21 лоиҳаи қарзии сармоягузорӣ, 24 лоиҳаи бурсӣ амал карда, маблағгузории боз 15 лоиҳа ҳам аз ҳисоби қарзҳо ва ҳам дар асоси кӯмаки бебозгашт татбиқ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли равон амалисозии як лоиҳаи сармоягузории давлатӣ оғоз гардидааст. «Дар маҷмуъ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунанда аз ҳисоби 19 сарчашма маблағгузорӣ мешавад», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми азхудкунии воситаҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 40 млн. $ маблағро ташкил додааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 8,1% зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.