Қабули эътимоднома аз сафирони нави Озарбойҷону Британия Кабир

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим огли Гасанов эътимоднома қабул намуд. Чуноне аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни суҳбат, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.  “Мо Ҷумҳурии Озарбойҷонро яке аз шарикони муҳими хеш […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим огли Гасанов эътимоднома қабул намуд.

Чуноне аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни суҳбат, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

 “Мо Ҷумҳурии Озарбойҷонро яке аз шарикони муҳими хеш дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил медонем», – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои қаблан имзошудаи миёни ду кишвар ва тасмимоти оянда, аз ҷумла тақвияти бештари заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷанба зоҳир карда шуд.

Сафири нави Озарбойҷон азми устувори худро барои саҳмгузории намоён дар татбиқи амалии нақшаҳои судбахши ҳамкорӣ таъкид намуд.

Ҳамчунин президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд – Смит эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқот, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ ҷараён гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.

 «Боиси қаноатмандӣ аст, ки Британияи Кабир имрӯз дар қатори дӯстону хайрхоҳони мо қарор дорад ва онро мо яке аз шарикони муҳими хеш дар минтақаи Аврупо медонем», – гуфт зимни суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон ва афзуд, ки «мо хоҳони тавсеаи ҳамкории пойдору гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо Британияи Кабир мебошем».

 Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории минтақавии ду кишвар дар соҳаҳои мудофиа ва амният, аз ҷумла дар чаҳорчӯби муборизаи муштараки зиддитерростӣ ва сулҳсозии нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон, ҳамзамон густариши ҳамкории мутақобилан судбахши иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир зарур шумурда шуд.

 Зимнан Робин Ҷереми Орд – Смит ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мавзеъгирии шоиста дар мусоидат ба нерӯҳои посдори сулҳ ва ҳам саҳми намоёни кишвари мо дар бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёти Афғонистон арзи қадрдонӣ намуд.

 Робин Ҷереми Орд – Смит, ҳамчунин изҳор дошт, ки «ҷалби сармояи зиёди Британияи Кабирро ба Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии замони сафирии худ дар ин ҷо» қарор додааст ва барои ин пайваста ҷаҳду талош хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.