Низомхон Ҷӯраев дар озодӣ ба сар мебарад

Собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев, ки ба таври асроромез дар тавқифгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ пайдо шуда буд, дар озодӣ ба сар мебарад, – хабар додааст радиои «Озодӣ» бо истинод ба директори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов. Ф.Саидов иброз доштааст, ки Н.Ҷӯраев айни замон дар озодӣ буда, ҷузъиёти айбҳои […]

ASIA-Plus


Собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев, ки ба таври асроромез дар тавқифгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ пайдо шуда буд, дар озодӣ ба сар мебарад, – хабар додааст радиои «Озодӣ» бо истинод ба директори Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов.

Ф.Саидов иброз доштааст, ки Н.Ҷӯраев айни замон дар озодӣ буда, ҷузъиёти айбҳои ба ӯ пешниҳодшуда аз ҷониби кормандони Агентӣ ва ВКД мавриди тафтишот қарор мегиранд.

Далели дар озодӣ қарор доштанашро дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори Би-Би-Сӣ худи Ҷӯраев низ тасдиқ кардааст.

Тоҷири тоҷик бинобар сабаби хавф аз амнияти худ аз ифшои макони будубошаш худдорӣ варзида, иброз доштааст, ки ӯ дар Душанбе аст ва ҳамарӯза бо кормандони Агентии зиддифасод вохӯрда ба суолҳои онҳо посух мегӯяд.

Н.Ҷӯраев таъкид сохтааст, ки то омадан ба ватан бо мақомоти тоҷик дар робита буда, онҳо амнияти ӯро кафолат додаанд. «Ман худам ихтиёрӣ ба ватан баргаштам, маро касе маҷбур накарда, ин ҳақиқат аст», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба хабарнигори Би-Би-Сӣ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми март пас аз озодӣ тоҷири дар Маскав нопадидшудаи тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе пайдо шуд. Сипас тавассути телевизион суханронии ӯ намоиш дода шуд.

Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки гуноҳҳои худро эътироф менамояд.

Ӯ дар бораи чӣ гуна тавассути Қазоқистону Қирғизистон аз Русия ба Тоҷикистон баргаштанашро зикр менамояд. «Ман гунаҳкорам. Тамоми муддати дар ғарибӣ будан фикрҳо дар бораи модар ва фарзандонам маро осуда намегузоштанд ва ман қарор додам, ки ба ватан баргардам. Чун ба Душанбе расидам, ба мақомот бо ариза муроҷиат кардам, ки дар он пурра гуноҳҳои худро эътироф намуда, тақдири худро ба қонун месупорам», – гуфт Ҷӯраев.

Дар ҳамин ҳол, Анна Ставитская, вакили мудофеи Ҷӯраев гуфта буд, бовар надорад, ки зерҳимояи ӯ ихтиёрӣ ба Тоҷикистон рафта бошад.

«Ӯ ихтиёрӣ рафта наметавонист. Комилан возеҳ аст, ки ӯро дуздида, маҷбур кардаанд, ки чунин суханонро бигӯяд. Ин комилан дурӯғ буда, ман ба ҳоли ӯ раҳмам меояд. Ман бар ин назарам, ки ӯро ҳукуматдорони Тоҷикистон бо кумаки ҳукуматдорони Русия рабудаанд», – зикр карда буд вакили мудофеъ.

Мутобиқи маълумоти мақомоти интизомии Тоҷикистон, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва собиқ директори генералии корхонаи кимиёвии «Кимиё»-и ноҳияи Исфара Низомхон Ҷӯраев гурӯҳи ҷиноятпешае созмон дода, ки аъзои он ба қатли муовини прокурори генералии ҷумҳурӣ Толиб Бобоев дар соли 1999 даст доранд. Онҳо ҳамчунин ба бандитизм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа, гирифтани маблағҳои пулӣ бо роҳи ҷиноят ва ғайра айбдор карда мешаванд.

Моҳи июни соли 2009 Суди олии Тоҷикистон беш аз 30 тан аз аъзои гурӯҳро ба муддати аз 10 то 25 соли зиндон маҳкум кард. Худи Ҷӯраевро бошад, ҳукумат ба пайгарди қонунии байнулмилалӣ эълон кард.

Моҳи августи соли 2010 бо дархости Душанбе ҳукуматдорони Русия Ҷӯраевро дар шаҳри Маскав боздошт намуда, моҳи феврали соли 2011 Прокуратураи генералӣ бобати истирдоди ӯ ба Тоҷикистон қарор қабул кард. Дар ҳамин ҳол, Ҷӯраев дархост намуда буд, ки ба ӯ дар Русия паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад.

Моҳи майи соли гузашта Низомхон Ҷӯраев ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намуд. Пас аз мавриди баррасӣ қарор гирифтани муроҷиат президенти Палатаи Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати даст кашидан аз истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон қарор қабул кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.