ҲНИТ: Ҳукумат иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандиро набояд ба худиву бегона ҷудо созад


Қарорҳои ахири мақомоти гуногуни ҳукумати Тоҷикистон бобати дар арафаи ҷашну идҳо бо мукофот сарфароз гардонидани афроде, ки ба барқарор кардани сохти конститутсионӣ мусоидат намуданд, дар доираи ахлоқ намеғунҷад.


Гузашта аз ин, онҳо ба принсипҳои Созишномаи баимзорасида миёни ҳукумати кишвар ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар бораи ноил гардидан ба сулҳу созиш мутобиқат намекунанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит чунин иброз андеша кард.

М.Ҳайит бар ин назар аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон уҳдадоранд ва бояд ба тамоми иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандӣ муносибати якхела дошта бошанд. «Аммо солҳои ахир дастгирии намояндагони Фронти халқӣ тақвият ёфта, онҳо ба сифати иштирокчии барқарор кардани сохти конститутсионӣ аз имтиёзҳои ҷудогонаи ҳукумат бархӯрдор мешаванд, вале намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар чунин рӯйхатҳо умуман номнавис намешаванд», – гуфт сиёсатмадор.

Муовини раиси ҲНИТ муътақид аст, ки «сулҳу созиши кишвар дар натиҷаи кӯшишҳои ду ҷониби даргир ба даст оварда шуд ва рафтору муносибати ҳукумат ба иштирокчиёни он ҳаводис бояд якгуна бошад».

«Мо аз сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон даъват мекунем, ки иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандиро ба худиву бегона ҷудо насозанд», – афзуд М.Ҳайит.

spot_imgspot_img

Популярное