ҲНИТ: Ҳукумат иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандиро набояд ба худиву бегона ҷудо созад

Қарорҳои ахири мақомоти гуногуни ҳукумати Тоҷикистон бобати дар арафаи ҷашну идҳо бо мукофот сарфароз гардонидани афроде, ки ба барқарор кардани сохти конститутсионӣ мусоидат намуданд, дар доираи ахлоқ намеғунҷад. Гузашта аз ин, онҳо ба принсипҳои Созишномаи баимзорасида миёни ҳукумати кишвар ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар бораи ноил гардидан ба сулҳу созиш мутобиқат намекунанд. Дар мусоҳиба ба […]

Аваз Юлдошев


Қарорҳои ахири мақомоти гуногуни ҳукумати Тоҷикистон бобати дар арафаи ҷашну идҳо бо мукофот сарфароз гардонидани афроде, ки ба барқарор кардани сохти конститутсионӣ мусоидат намуданд, дар доираи ахлоқ намеғунҷад.


Гузашта аз ин, онҳо ба принсипҳои Созишномаи баимзорасида миёни ҳукумати кишвар ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар бораи ноил гардидан ба сулҳу созиш мутобиқат намекунанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит чунин иброз андеша кард.

М.Ҳайит бар ин назар аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон уҳдадоранд ва бояд ба тамоми иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандӣ муносибати якхела дошта бошанд. «Аммо солҳои ахир дастгирии намояндагони Фронти халқӣ тақвият ёфта, онҳо ба сифати иштирокчии барқарор кардани сохти конститутсионӣ аз имтиёзҳои ҷудогонаи ҳукумат бархӯрдор мешаванд, вале намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар чунин рӯйхатҳо умуман номнавис намешаванд», – гуфт сиёсатмадор.

Муовини раиси ҲНИТ муътақид аст, ки «сулҳу созиши кишвар дар натиҷаи кӯшишҳои ду ҷониби даргир ба даст оварда шуд ва рафтору муносибати ҳукумат ба иштирокчиёни он ҳаводис бояд якгуна бошад».

«Мо аз сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон даъват мекунем, ки иштирокчиёни ҷанги шаҳрвандиро ба худиву бегона ҷудо насозанд», – афзуд М.Ҳайит.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.