Имрӯз вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо Котиби Генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов доир гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба таъсиси Хадамоти муҳоҷират, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва дастовардҳои Хадамот дар тӯли як сол маълумоти муфассал дод.
Дар навбати худ Муҳаббатов Зафар – Котиби Генералии Ҳилоли Ахмар оид ба кушодашавии Марказҳои муҳоҷират дар шаҳру навоҳии кишвар иттилоъ дода, хостори ҳамкории зичи Хадамоти муҳоҷират бо марказҳои номбурда гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар моҳҳои оянда бо кӯмак ва дастгирии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар бинои Хадамоти муҳоҷират Маркази омӯзиши муҳоҷирони меҳнатӣ сохта ва ба истифода дода мешавад.
Дар интиҳои мулоқот Созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида шуд.



