Тақдими ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Date:


Дар Кӯлоб аҳли адаб ҷашни 74-умин солгарди зодрӯзи яке аз шоирони маъруфи замони шӯравӣ Ашӯр Сафарро таҷлил намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов хабар дод, дар гулгашти ба номи шоир маротибаи дуюм маросими тақдими ҷоизаи адабии ба номи Ашӯр Сафар доир гардид.

Ба ҷоиза дар ҳаҷми 2 ҳазор сомонӣ шоира Хосият Вализода сазовор дониста шуд, ки тайи соли ахир бо маҳсули бойу рангини эҷодиаш хотири ҳаводонашро шод ва баҳри таблиғи фасоҳати сухан миёни ҷавонон кӯшиши зиёд ба харҷ дод.

Ҳамчунин 1-уми май таҳти сарварии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Амирхон Сафаров, ки ба назди интихобкунандагонаш омад, дар Кӯлоб шанбегии умумишаҳрӣ низ баргузор гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related