Иштироки намояндагони КМИР дар интихоботи парлумонии Арманистон

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ва корманди масъули ин мақомот Ҷӯрахон Қурбонов ҷиҳати иштирок дар мониторинги маъракаи интихобот ба Маҷлиси миллии Арманистон ба шаҳри Ереван сафар мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР ҶТ хабар доданд, намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати гуруҳи нозирон аз кишварҳои узви ИДМ шомил мегарданд. Ҳайати мазкурро муовини […]

Аваз Юлдошев


Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов ва корманди масъули ин мақомот Ҷӯрахон Қурбонов ҷиҳати иштирок дар мониторинги маъракаи интихобот ба Маҷлиси миллии Арманистон ба шаҳри Ереван сафар мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР ҶТ хабар доданд, намояндагони Тоҷикистон ба ҳайати гуруҳи нозирон аз кишварҳои узви ИДМ шомил мегарданд. Ҳайати мазкурро муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун сарварӣ мекунад.

Интихоботи парлумонӣ дар Арманистон санаи 6-уми майи соли равон доир мегарданд. Ба мақомоти қонунгузории ин кишвар 131 нафар вакилон интихоб мешаванд. Дар маъракаи интихоботии кунунӣ 8 ҳизби сиёии кишвар иштирок мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.