Ҷасади тоҷиконе, ки дар шаҳри Уфаи Русия ҳангоми кӯшиши наҷот додани сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расида буданд, ба ватан фиристода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии TAJINFO дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, корҳои ташкили интиқоли ҷасадҳоро аъзои Маркази фарҳанги тоҷикони «Пайванд-1»-и Ҷумҳурии Бошқирдистон ба уҳда гирифтаанд.
Ба қавли М.Эгамзод, ду нафар тоҷикон, ки дар бозори кор мекарданд, ба кумаки сокини маҳаллии ба чоҳ афтода мешитобанд, вале ҳарду ҳам ба чоҳ поин шуда, бо ҳамин дигар бедарак мешаванд.
Гуфта мешавад, дар чоҳ гази заҳролуд ҷамъ шуда, бар асари он сокини маҳаллӣ ва ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
«Шаби гузашта ҷасади ҳамватанони мо ба ватан фиристода шуданд. Яке ба Тоҷикистон ва дигаре ба Ӯзбекистон, зеро яке аз тоҷикон шаҳрванди Ӯзбекистон буд», – гуфт М.Эгамзод.
Бино ба фарзияи пешакии Кумитаи тафтишотии Русия дар Бошқирдистон, се нафар бар асари заҳролудшавӣ аз газ ҳалок шудаанд. « Оё касе барои ҳаёти ин фавтидагон масъулияте хоҳад дошт, ҳанӯз маълум нест», – афзуд номбурда.



