Роҳбари Медиа Алянси ҶТ: Матбуоти тоҷик ҳанӯз озод нест


– Озодии матбуот дар Тоҷикистон аз сатҳи зарурӣ ҳоло хеле дур аст, – гуфт зимни конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Озодии баён: воқеият ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» дар Душанбе Котиби генералии Медиа Алянси Тоҷикистон Хуршед Ниёзов. Конфронси мазкур ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷаҳонии озодии матубот, ки имрӯз таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Ба андешаи Х.Ниёзов, соли гузашта чанде аз ВАО-и мустақил аз ҷониби ҳукматдорон таҳти фишор қарор гирифта, алайҳи онҳо ба суд даъво пеш оварда шуд ва дар натиҷа чанде аз ВАО ҷаримабандӣ шуданд. Ғайр аз ин, қайд кард ӯ, то ҳанӯз қонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» дар таҳрири нав қабул нашудааст.

Ниёзов «дар соли оянда, ки дар Тоҷикистон маъракаи интихоботи президентӣ доир мегардад, муқобили журналистони номатлуб аз ҷониби ҳукуматдорон истифода шудани таъқибу шиканҷа ва суиқасд»-ро аз эҳтимол дур намедонад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев гуфт, соли гузашта баҳсҳои судӣ нисбати ВАО дар муқоиса ба соле пештар камтар шуда, ғайр аз ин, худи журналистон барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон бештар кӯшиш ба харҷ доданд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов бар ин назар аст, ки намояндагони ВАО бояд бо кӯшиши худ ба таъмини озодии баён ноил гарданд. «Барои ин журналист бояд ҳатман ҷасур ва ҳирфаиву дилдодаи кори худ буда, лекин меъёрҳои ахлоқиро риоя намояд», – гуфт вай.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми конфронси имрӯза ба журналистони муваффақи соли 2011 аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Медиа Алянси Тоҷикистон, нашрияҳои «Азия-Плюс» ва «Озодагон» туҳфаҳо тақдим карда мешаванд. 

spot_imgspot_img

Популярное