Муовини раиси ҲНИТ: Гуруҳҳое чун «Ҷамоати Ансоруллоҳ» барои бадномкунии мусулмонон рӯйи кор меоянд

– Ман дар бораи дар Тоҷикистон вуҷуд доштани гуруҳи ба истилоҳ «Ҷамоати Ансоруллоҳ ҳеҷ маълумоте надорам, лекин агар дар кишвари мо ҷонибдорони чунин ҳаракат пайдо шуда бошанд, онҳо миёни аҳолӣ ҳеҷ дастгире нахоҳанд ёфт, – муътақид аст муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саидумар Ҳусайнӣ. Дар ҳамин ҳол, вакили […]

Аваз Юлдошев


– Ман дар бораи дар Тоҷикистон вуҷуд доштани гуруҳи ба истилоҳ «Ҷамоати Ансоруллоҳ ҳеҷ маълумоте надорам, лекин агар дар кишвари мо ҷонибдорони чунин ҳаракат пайдо шуда бошанд, онҳо миёни аҳолӣ ҳеҷ дастгире нахоҳанд ёфт, – муътақид аст муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саидумар Ҳусайнӣ.

Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба ин монанд гуруҳҳо метавонанд танҳо хеле пинҳонӣ вуҷуд дошта бошанд. «Тайи даҳсолаҳои ахир дар саросари ҷаҳон гуруҳҳои зиёди террористиву ифротгаро арзи вуҷуд карда, ба худ номи арабӣ интихоб намуданд, вале донишмандони ислом бояд моҳияти акфори онҳоро ба хубӣ сарфаҳм рафта, миёни онҳо ва ҷонибдорони исломи анънанавӣ тафовут гузоранд», – гуфт вакил.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки созмонҳое чун «Ҷамоати Ансоруллоҳ» метавонанд бо кумаку дастгирии неруҳои манфиатдоре таъсис дода шаванд, ки мақсадашон бадномкунии ислом дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.