Соли равон ЮНЕСКО (Созмони СММ оид ба умури маориф, илм ва фарҳанг) таҳти унвони «Васоити ахбори умум – муҳаррики пурзӯри тағйироти иҷтимоиву сиёсӣ» Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ҷашн мегирад.
Дар Душанбе низ ин ҷашн таҷлил мегардад. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Пойтахт» бо иштироки 80 нафар намояндагони ВАО, созмонҳои журналистӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Озодии баён: воқеият ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» доир мегардад. Конференсия бо ташаббуси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо созмон дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар рейтинги озодии ВАО-и созмони ғайриҳукуматии Freedom House ё «Хонаи Озодӣ» Тоҷикистон се зина пойин рафт. Баҳои умумии озодии баён дар Тоҷикистон дар сатҳи «ғайриозод» боқӣ мондааст.
Дар рейтинги кунунӣ Тоҷикистон бо касби 79 балл дар зинаи 171-ум қарор гирифтааст. Соли пеш дар гузориши Freedom House Тоҷикистон бо 78 балл бо Эфиопияву Судон дар мақоми 168 ҷойгир шуда буд.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, имрӯз дар Тунис маросими супурдани Ҷоизаи ЮНЕСКО/Гилермо Кано барои саҳм гирифтан дар кори озодии матбуот доир мегардад. Соли равон ба ин ҷоиза журналисти озарбойҷонӣ ва ҳомии ҳуқуқ Эйнулло Фатуллоев сазовор дониста шуд.
Маблағи пулии ҷоиза 25 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, он ба ифтихори журналисти колумбиягӣ Гилермо Кано номгузорӣ шудааст. Гилермо Кано соли 1987 ба ҳалокат расида, қочоқбарони маводи мухаддири кишварашро шадидан интиқод мекард.



