Исфара: Ҷазои навбатӣ ба чор маротиба маҳкумшуда

Суди шаҳри Исфара нисбати сокини 22-солаи шаҳр Юрий Маркин, ки қаблан 4 маротиба маҳкум шудааст, ҳукм содир намуд. Ин дафъа ӯ дар қаллобӣ гунаҳкор дониста шуд. Ба қавли раиси суди шаҳрӣ Алиҷон Маҳмудов, бори ахир Юрий Маркин моҳи августи соли 2011 ба иттиҳоми дуздии амволи шахсӣ ба 4 соли зиндон маҳкум гардида буд, вале мавриди […]

Саҳбон Қурбонов


Суди шаҳри Исфара нисбати сокини 22-солаи шаҳр Юрий Маркин, ки қаблан 4 маротиба маҳкум шудааст, ҳукм содир намуд. Ин дафъа ӯ дар қаллобӣ гунаҳкор дониста шуд.

Ба қавли раиси суди шаҳрӣ Алиҷон Маҳмудов, бори ахир Юрий Маркин моҳи августи соли 2011 ба иттиҳоми дуздии амволи шахсӣ ба 4 соли зиндон маҳкум гардида буд, вале мавриди афв қарор гирифта, дар озодӣ боз ба пешаи дерина даст задааст.

«Ӯ бо роҳи фиреб ба боварии сокини шаҳри Исфара М.М. даромада, худро корманди комиссариати ҳарбӣ муаррифӣ мекунад ва бо ваъдаи аз хизмати ҳарбӣ озод кардани писараш аз вай 650 сомонӣ маблағ мегирад», – гуфт ӯ.

Раиси суди шаҳрӣ гуфт, ҳамчунин Ю.Маркин боз дар се ҳолати қаллобӣ гунаҳкор дониста шуда, зарари умумии расонидаи ӯ ба ҷабрдидагон беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Ҳамин тариқ, суди шаҳри Исфара Юрий Маркинро боз ба муддати 4 соли зиндон ва адои ҷазо дар муассисаи ислоҳоти низомаш шадид маҳкум кард. Ғайр аз ин, маҳкумшуда маблағи зарари расонида ба ҷабрдидагонро низ пардохт хоҳад намуд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.