Кишти дубора дар қариб дар 2,5 ҳазор га заминҳои кишти ҷануби кишвар


Селфароиву боридани жола дар даҳаҳои аввал ва дуюми моҳи апрели соли равон дар маҷмуъ 2 ҳазору 383 гектар заминҳои кишти 6 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлонро хароб карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз раёсати минтақавии кишоварзӣ хабар дод, 1 ҳазору 233 га заминҳои кишти ғалладдона ва 868 га заминҳои кишти пунбадона пурра шуста шуда, ба хоҷагиҳо зарур аст, ки ҷиҳати гузаронидани кишти дубора чораҳо андешанд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз офати табиӣ бештар ноҳияи Данғара хисорот бардошта, 965 га заминҳои кишти ин ноҳия осеб дидаанд. «Миёни хоҷагиҳо аз ҳама бештар ба хоҷагии ба номи Ҳамадонии ноҳияи Кӯлоб зарар расида, қариб дар 50% заминҳои кишт гузаронидани кишти дубора лозим меояд», – гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин гуфт, кишти дубора низ хароҷоти маблағи зиёдеро тақозо мекунад ва аксари хоҷагиҳо имкони гузаронидани онро надоранд.

spot_imgspot_img

Популярное