Масҷиди Тӯраҷонзодаҳо аз мақоми масҷиди ҷомеъ маҳрум шуд

Суди шаҳри Ваҳдат масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳоро аз мақоми масҷиди ҷомеи намози ҷумъа маҳрум кард. Аз ин ба баъд дар ин масҷид танҳо адои намози панҷгона иҷозат аст. Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-ро бо баҳонаи дар ин ҷо баргузор намудани маросими динии «Ошӯро»-и мазҳаби шиа ҳанӯз 13-уми декабри соли гузашта маҳдуд карда […]

ASIA-Plus


Суди шаҳри Ваҳдат масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳоро аз мақоми масҷиди ҷомеи намози ҷумъа маҳрум кард. Аз ин ба баъд дар ин масҷид танҳо адои намози панҷгона иҷозат аст.

Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-ро бо баҳонаи дар ин ҷо баргузор намудани маросими динии «Ошӯро»-и мазҳаби шиа ҳанӯз 13-уми декабри соли гузашта маҳдуд карда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муассисони ин масҷид изҳор дошт, суди ноҳия далелҳои онҳоро ба инобат нагирифта, аризаи даъвогии Кумитаи динро қонеъ сохтааст. Ба қавли вай, дар таърихи инсоният ин бори нахустин аст, ки масҷид аз ҷониби мақомоти давлатӣ баста мешавад.

«Ба назарам Тоҷикистон, ки дар ин ҷо ба мақомоти давлатӣ барои бастани масҷид иҷозат аст, дар ҷаҳон истисно мебошад. Ҳангоме ки аз номи давлат масҷид баста мешавад, ин таҳқир аст. Ин барои мову ибодаткунандагоне, ки муддати 20 сол дар масҷиди мо ибодат мекарданд, як андуҳу кулфат аст», – зикр кард Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар робита ба ин масъала.

Дар ҳамин ҳол, Тӯраҷонзода гуфт, оилаи онҳо аз болои ин қарор ба зинаи болоӣ шикоят нахоҳанд бурд, зеро ба адолати судӣ дар кишвар эътимод надоранд. «Тақдири масҷид мутобиқи қонунҳои ҷории кишвар ҳал нашуд, балки ҳам Кумитаи дину ҳам мақомоти судӣ як фармоиши сиёсиро ба иҷро расониданд», – изҳор кард муассиси масҷиди Муҳаммадия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.