Қотилони «Бобои Барфӣ» маҳкум шуданд

Суд нисбати айбдоршавандагон оид ба қазияи марги Парвиз Давлатбеков ҳукм содир намуд. Беҳрӯз Шарифови 16-сола дар қатли Парвиз Давлатбеков гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Суд ба чунин хулоса расидааст, ки маҳз зарбаҳои ӯ барои П.Давлатбеков марговар будаанд. То ба синни балоғат расидан Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғон […]

Рамзия Мирзобекова


Суд нисбати айбдоршавандагон оид ба қазияи марги Парвиз Давлатбеков ҳукм содир намуд.

Беҳрӯз Шарифови 16-сола дар қатли Парвиз Давлатбеков гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 10 соли зиндон маҳкум шуд. Суд ба чунин хулоса расидааст, ки маҳз зарбаҳои ӯ барои П.Давлатбеков марговар будаанд. То ба синни балоғат расидан Шарифов муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳотӣ барои ноболиғон адо мекунад.

Судшавандагони дигар – Шараф Давлатов ва Фаррух Самиев мутобиқи моддаи 237 КҶ ҶТ (Авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба муддати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Нисбат ба айбдоршавандаи дигар – ноболиғ Ҳасан Абдурашидов ҷазо дар шакли ҷарима дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб ба 40 сомонӣ баробар аст) таъин карда шуд.

Зимни қироати ҳукм судя Фахриддин Додометов изҳор кард, ки аризаи Ш.Давлатов дар бораи нисбати ӯ истифода шудани шиканҷаву зӯроварӣ зимни тафтишот тасдиқ нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, хешовандону наздикон ва вакилони мудофеи маҳкумшудагон аз ҳукми суд изҳори норозигӣ карда, аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят бурданианд.

Намояндаи ҷониби ҷабрдида Рустами Ҷонӣ гуфт, аз ҳукми суд розӣ аст ва эътироз нахоҳад овард. Холаи марҳум Шарифа Худобахшева изҳор кард, ки ӯ хостори ҷазои сангин натанҳо ба Беҳрӯз Шарифов, балки ба дигарон низ аст, вале ба ҳар ҳол, бо назардошти ҷавонии онҳо, аз болои ҳукм шикоят нахоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабр бо сарулибоси Бобои Барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол дар кӯча аз зарбаҳои корд ҷароҳат бардошта, рӯзи 2-юми январ дар беморхона ба ҳалокат расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?