Гуфтушунидҳои судманди гурӯҳи коршиносони AKFED дар Тоҷикистон

Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо коршиносони Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) бо роҳбарии Лутаф Касам- мудири бахши иқтисодии Фонди Оғохон баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти азорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, нахуст Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо коршиносони Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) бо роҳбарии Лутаф Касам- мудири бахши иқтисодии Фонди Оғохон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти азорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, нахуст Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ оид ба саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар соҳаи энергетика дар ВМБК, аз ҷумла сохтмони НБО –Ширк 1, НБО- Ширк 2, НБО- Бартанг, ҳамчунин нерўгоҳҳои барқии обии дарназардошташуда – НБО-Ванҷ, НБО-Мурғоб ибрози назар намуд. Инчунин имконияти ба роҳ мондани корҳо вобаста ба асосноккунии техникию-иқтисодии НБО-ҳои «Санобод», «Себзор», сохтмони хатҳои интиқоли барқӣ дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон мувофиқи мақсад ҳисобида шуд. Тавре зикр гардид, амалисозии лоиҳаҳои мазкур барои таъмини қисмати зиёди Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, рушди соҳаи саноати ин минтақаҳо, бахусус маъдан ва таъмини аҳолии ин минтақаҳо бо ҷои кор мусоидат хоҳад кард.

Лутаф Касам иброз дошт, ки имконияти татбиқи лоиҳаҳои мазкур мавриди омўзиш қарор дода шуда, (AKFED)-и Фонди Оғохон барои густариш додани ҳамкориҳоро дар бахшҳои зикргардида мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.

Гурӯҳи коршиносони Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ, таҳти роҳбарии Лутаф Касам дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии бо муовини якуми Вазир, Ҳамидуллохон Фақеров низ мулоқот анҷом доданд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозӣ бо тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баҳри вусъат бахшидани муносибот бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ҳамеша омода аст, зикр намуд дар рафти мулоқот Ҳ.Фақеров.

Лутаф Касам дар навбати худ атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, энергетика, кишоварзӣ, ҷоннок кардани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар, сайёҳӣ ва дар дигар самтҳои бахши иҷтимоӣ изҳори ақида ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.