Муҳоҷирони тоҷик забони олмонӣ меомӯзанд

Чанде қабл дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ вохӯрии сардори хадамот Сафиалло Девонаев бо сардори Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Зейнал Гаджиев доир гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти мазкур хабар доданд, яке аз масоили мавриди таваччуҳи тарафай дар мулоқот баррасии масоили ташкил ва баргузории курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои муҳоҷирон дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ вохӯрии сардори хадамот Сафиалло Девонаев бо сардори Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Зейнал Гаджиев доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти мазкур хабар доданд, яке аз масоили мавриди таваччуҳи тарафай дар мулоқот баррасии масоили ташкил ва баргузории курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои муҳоҷирон дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии № 66 ва № 30 маҳсуб меёфт.

Зимни мулоқот Сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба мулоқотҳои худ бо Директори Генералии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Уильям Лейс Свинг, ки 20-уми апрели соли ҷорӣ дар ш. Женева баргузор гардида буд, сӯҳбат намуд.

Дар мулоқоти мазкур масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо мавриди муҳокима қарор гирифта буданд.

Инчунин, Тарафҳо ба мувофиқа расида буданд, ки бо кӯмаки ҳамаҷонибаи СБМ дар Тоҷикистон Маркази таълимии муҳоҷирон таъсис дода шавад.

Дар навбати худ Сардори Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Гаджиев Зайнал ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва баҳри амалӣ намудани нақшаҳои дар пеш истода, аз ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои наздик аз ҷониби кормандони намояндагии СБМ дар ҶТ презентатсия (муаррифинома)-и натиҷаҳои фаъолияти СБM барои Шӯрои ҳамоҳангсози донорҳо дар моҳи май баргузор мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот, аз иқдомоти тозаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе оид ба вохӯриҳо бо мактаббачагон ва фаъолияти босамари Раёсати вилояти Суғд ёдовар шуда, пешниҳод гардид, ки беҳтар мебуд агар табодули таҷриба байни кормандони Раёсатҳои вилояти Суғду Хатлон ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо сурат гирад.

Ҳамчунин, зимни ин вохӯрӣ оид ба паҳн кардани маводҳои иттилоотӣ дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ дар дохили ҳавопаймоҳҳо ва фурӯдгоҳҳо сӯҳбатҳо ороста шуд.

 Қарор аст дар рӯзҳои наздик Тренинг барои ҳуқуқдонҳо ва инчунин кормандони Хадамоти муҳоҷират доир гардад.

Тарафҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта табодули назар карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.