Раиси вилояти Суғд бо ҷараёни рафъи оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд

Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корҳои кишоварзӣ ва  рафти бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ, ки бар асари боронҳои сахти чанд рӯзи охир дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд ба миён омаданд, раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамену Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.     Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояи Суғд хабар […]

ASIA-Plus


Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корҳои кишоварзӣ ва  рафти бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ, ки бар асари боронҳои сахти чанд рӯзи охир дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд ба миён омаданд, раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамену Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.  

 

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояи Суғд хабар доданд, зимни ин сафар ба вазъи кӯпрукҳое, ки аз омадани сел зарари ҷиддӣ дидаанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Бояд гуфт, ки дар натиҷаи омадани сел чанд рӯз кабл дар ноҳияи Ҷаббор Расулов чунин як пули мошингузар осеби ҷиддӣ дид.

 Ин пули мошингузар, ки ҷамоатҳои Ӯзбекқишлок ва Зарафшони ноҳияи Ҷаббор  Расуловро ба ҳам мепайваст, имрӯз  бар асари омадани сел тамоман корношоям шудааст. Боздиди кории Раиси вилоят Коҳир Расулзода аз ҳамин мавзеи осебдида оғоз шуд. Пас аз шиносоӣ бо вазъи баамаломада, Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия  супориш дод, ки якҷоя бо мутахассисони соҳаи заминшиносӣ ва лоиҳакашон дар мӯҳлатҳои  наздик корҳои барқароркунии кӯпрукро шурӯъ намоянд, то мардум дар масъалаи рафтуомад ва интиқоли бори рӯзгорашон мушкилии сахтро эҳсос накунанд. Раиси вилоят то таъмири кӯпрук, дастур дод, ки роҳи иловагӣ  ҳаддалимкон бо шароитҳои зарурӣ барои мардум омода карда шавад ва бояд рафтуомади сокинони маҳалро таъмин намояд. 

Зимни ин сафар Раиси вилоят ба вазъи кишоварзии ноҳияҳои Ҷаббор  Расулов ва Спитамен мароқ зохир намуд. Раиси вилоятро рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ қаноатманд накард. Зеро агарчӣ мавсими чобуқкунии пахта фаро расидааст, аммо дар заминхои пахтакор ҷӯшу хурӯши кор эҳсос намешуд. Ин вазъ ба хусус дар хоҷагии деҳқонии «Гулистон»-и ноҳияи Спитамен ба мушоҳида мерасид. Раиси вилоят роҳбарияти ноҳияро дар ин масъала эрод гирифт ва ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замини корам тавсия дод.

Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз вазъи пули мошингузари минтақаи Куркати ноҳия  дар шоҳроҳи Хуҷанд – Зафаробод дидан кард, ки он ҳам аз таъсири сел ҳанӯз дар соли 2001 пурра хароб гардида, барои азнавсозии он 4,5 миллион сомонӣ маблағ зарур аст. Мутасаддиёни соҳа лоиҳаи бунёди пулро омода кардаанд ва дар ҷустучӯи ҳалли он ҳастанд.

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Спитамен Раиси вилоят бо вазъи ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Спитамен-текстайлз» шинос шуд. Ин корхона соли 2009 ум таъсис ёфта, дар навбати аввал  барои коркарди нахи пахта мутобиқ гардонида шудааст. Корхона дар оғози фаъолият зиёда аз 200  нафарро бо ҷои корӣ таъмин намуда, иқтидори коркарди 3,5 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол дошт.  Аммо бо баҳонаи набудани ашёи хом наздики як сол аст, ки аз фаъолият бозмондааст. Ин дар ҳолест, ки муссисси коргоҳ- ҶСК КАС «Гулистон» худ 3000 гектар замин дорад ва аз хоҷагиҳои калон ва асосии пахтакори ноҳия  ба ҳисоб меравад. Раиси вилоят назди роҳбарияти ноҳия  ва масъулини коргоҳ вазифа гузошт, ки бояд бо истифода аз захираҳои мавҷуда корхона аз ҳафтаи оянда ба кор шурӯъ кунад ва фаъолияти минбаъдаи хешро мунтазам ба роҳ монад. 

 Пули байни ҷамоатхои Ёва ва Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам, ки соли 2010-ум бо сабаби омадани сел вайрон шуда буд, чанд муддат барои сокинони ин ҷамоатҳо мушкилоти рафтуомадро ба вуҷуд овард. Зимни боздиди Раиси вилоят аз ин мавзеъ маълум шуд, ки корҳои азнавсозии кӯпрук идома доранд. Аммо ба суръати сохтмон, ки аз ҷониби идораи «Роҳи Вахдат»-и ноҳия  ҷараён доранд, Раиси вилоят эроди ҷиддӣ гирифт ва ба масъулини ноҳия  дастур дод, ки бо ба рох мондани кор дар се баст суръати таъмирро тезонанд.  Мӯҳлатро бошад, барои ба истифода додани кӯпрук Раиси вилоят то санаи 20-уми май муқаррар намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.