Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон толибилми тоҷик, хатмкунандаи литсейи туркии ба номи Хоҷа Камол ба медали тилои ба номи Менделеев мушарраф гардид.
Соли равон аз 23 то 30-юми май дар пойтахи Қазоқистон – шаҳри Остона Олимпиадаи байнулмилалии 46-уми ба номи Менделеев аз фанни кимиё баргузор шуда, дар он 112 нафар толибилмон аз 18 кишварҳои ИДМ, Назди Балтик ва Аврупо ширкат варзиданд. Бо қарори ҳакамон 11 нафар бо медали тило, 22 нафар бо медали нуқра ва 34 иштирокчӣ бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Тоҷикистонро дар олипиада ҳафт нафар толибилмони литсей-интернатҳои муштараки тоҷикиву туркӣ ва гимназимяи ба номи Азизови шаҳри Исфара намояндагӣ карданд. Намояндагони Тоҷикистон аз олимпиада бо як медали тилои ба номи Менделеев, се медали биринҷӣ ва ду мукофоти «Слава» (Шараф) баргаштанд.
Толибилми синфи 11-уми литсей-интернати муштараки тоҷикиву туркии ба номи Хоҷа Камоли шаҳри Душанбе Улуғбек Баротов ба медали тилои олимпиада сазовор дониста шуд. Хонандагони дигари ҳамин литсей Ҳамидҷон Холиқов, Беҳрӯз Носиров ва Маъруф Болтаев ҷойҳои сеюмро ишгол намуда, имкон пайдо карданд, ки бидуни имтиҳоноти дохилшавӣ ва ройгон дар Донишгоҳи давлатии ба номи М.Ломоносови шаҳри Маскав таҳсил кунанд.
Сомон Ҳакимов ва Ҳабибулло Саидов зинаҳои чорумро ишғол карда, бо ифтихорномаҳо сарафроз гардонида шуданд. Хонандаи гимназияи ба номи Азизов Таҳмина Шокирова низ бо ифтихорномаи олимпиада қадрдонӣ шуд.



