Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Мудири Идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ хонум Эрин Элизабет МакКи бо иштироки ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, ба барномаи Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда” ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.
Тавре аз саорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» – ташаббуси Ҳукумати ИМА ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ дар 20 кишвари ҷаҳон мебошад. Дар тӯли панч соли оянда барномаи мазкур дар 12 ноҳияи ғарбии вилояти Хатлон амалӣ хоҳад шуд. Дар доираи он ба хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди тиҷоратӣ бо мақсади баланд бардоштани даромад, истеҳсоли маводи ғизоӣ барои истеъмоли оилавӣ ва беҳтар намудани ғизо ва саломатӣ кӯмак расонида мешавад. Лоиҳаҳои асосии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар чорчӯбаи барномаи мазкур амалӣ мегарданд инҳоянд: Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ, Барномаи USAID оид ба кишоварзии самаранок ва Барномаи USAID оид ба ислоҳоти замин. Барномаҳои иловагии Ҳукумати ИМА лоиҳаҳои USAID дар соҳаи тансиҳатии модар ва кӯдак, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, идоракунии маҳаллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, кӯмаки Идораи Департаменти давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳамкории ҷомеа ва милитсия, ва барномаи дегелминтизатсияи Вазорати мудофиаи ИМА-ро дар бар мегиранд.
Ҳадаф аз амалисозии барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда” – баланд бардоштани даромади устувори беш аз 250 000 нафар аҳолии ноҳияҳои интихобшудаи вилояти Хатлони Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳи дониши онҳо дар бораи ғизои солим, дастрасии ғизо ва истеъмоли оқилонаи он дар оила мебошад. Ин барнома дар Тоҷикистон ба ташвиқу тарғиб ва ҷоринамоии тарзи ҳаёти солим бо мақсади муайянкунӣ ва бартараф намудани сабабҳои бевосита ва ниҳоии норасоии ғизо мусоидат намуда, ба беҳтар намудани вазъи саломатии модару кӯдак кӯмак мерасонад. Дар давоми панҷ сол сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои интихобшуда аз 54% то 45%, ва қафомонии инкишофи ҷисмонии кӯдакони то синни 5 сола аз 37% то 26% коҳиш меёбад.
Дар суханронии худ Сафири ИМА Кен Гросс таъкид намуд: «Шумораи зиёди одамон дар Тоҷикистон аз норасоии ғизо танқисӣ мекашанд. Ҳукумати ИМА дар ҳамкорӣ бо шумо чораҳои заруриро бо мақсади ба воя расонидани насли солим ва бо озуқа таъмин меандешад. Дар якҷоягӣ мо метавонем ба афзоиши маҳсулиятнокии соҳаи кишоварзӣ ба манфиати ҳар як шахс мусоидат намоем”.
Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ, Барномаи USAID оид ба кишоварзии самаранок ва Барномаи USAID оид ба ислоҳоти замин аз қабили лоиҳаҳое мебошанд, ки аз тарафи Ҳукумати ИМА дастгирӣ карда мешаванд. Сафорати ИМА дур Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, маориф, тандурустӣ ва иқтисод дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар ҷудо намудааст.



