Оғози барномаи «Озуқа ба хотири оянда»-и ҳукумати ИМА

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Мудири Идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ хонум Эрин Элизабет МакКи бо иштироки ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, ба барномаи Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда” ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.  Тавре аз саорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барномаи «Озуқаворӣ ба хотири […]

ASIA-Plus


Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кен Гросс ва Мудири Идораи минтақавии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Осиёи Марказӣ хонум Эрин Элизабет МакКи бо иштироки ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, ба барномаи Ҳукумати ИМА «Озуқаворӣ ба хотири оянда” ифтитоҳи расмӣ бахшиданд. 

Тавре аз саорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» – ташаббуси Ҳукумати ИМА ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ дар 20 кишвари ҷаҳон мебошад. Дар тӯли панч соли оянда барномаи мазкур дар 12 ноҳияи ғарбии вилояти Хатлон амалӣ хоҳад шуд. Дар доираи он ба хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди тиҷоратӣ бо мақсади баланд бардоштани даромад, истеҳсоли  маводи ғизоӣ барои истеъмоли оилавӣ ва беҳтар намудани ғизо ва саломатӣ кӯмак расонида мешавад.  Лоиҳаҳои асосии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар чорчӯбаи барномаи  мазкур амалӣ мегарданд инҳоянд: Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ, Барномаи  USAID оид ба кишоварзии самаранок ва Барномаи USAID оид ба ислоҳоти замин. Барномаҳои иловагии Ҳукумати ИМА лоиҳаҳои USAID дар соҳаи тансиҳатии модар ва кӯдак, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, идоракунии маҳаллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, кӯмаки Идораи Департаменти давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳамкории ҷомеа ва милитсия, ва барномаи дегелминтизатсияи Вазорати мудофиаи ИМА-ро дар бар мегиранд.   

Ҳадаф аз амалисозии барномаи “Озуқаворӣ ба хотири оянда” – баланд бардоштани даромади устувори беш аз 250 000 нафар аҳолии ноҳияҳои интихобшудаи вилояти Хатлони Тоҷикистон, беҳтар намудани сатҳи дониши онҳо дар бораи ғизои солим, дастрасии ғизо ва истеъмоли оқилонаи он дар оила мебошад. Ин барнома дар Тоҷикистон ба ташвиқу тарғиб ва ҷоринамоии тарзи ҳаёти солим бо мақсади муайянкунӣ ва бартараф намудани сабабҳои бевосита ва ниҳоии норасоии ғизо мусоидат намуда, ба беҳтар намудани вазъи саломатии модару кӯдак кӯмак мерасонад. Дар давоми панҷ сол сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои интихобшуда аз 54% то 45%, ва қафомонии инкишофи ҷисмонии кӯдакони то синни 5 сола аз 37% то 26% коҳиш меёбад.    

Дар суханронии худ Сафири ИМА Кен Гросс таъкид намуд: «Шумораи зиёди одамон дар Тоҷикистон аз норасоии ғизо танқисӣ мекашанд. Ҳукумати ИМА дар ҳамкорӣ бо шумо чораҳои заруриро бо мақсади ба воя расонидани насли солим ва бо озуқа таъмин меандешад. Дар якҷоягӣ мо метавонем ба афзоиши маҳсулиятнокии соҳаи кишоварзӣ ба манфиати ҳар як шахс мусоидат намоем”.  

Барномаи USAID оид ба дастгирии хоҷагидории деҳқонии оилавӣ, Барномаи  USAID оид ба кишоварзии самаранок ва Барномаи USAID оид ба ислоҳоти замин аз қабили лоиҳаҳое мебошанд, ки аз тарафи Ҳукумати ИМА дастгирӣ карда мешаванд. Сафорати ИМА дур Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани  барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, маориф, тандурустӣ ва иқтисод дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.