Заминларза беш аз 100 манзилро дар Тавилдара хароб кард

Date:


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ дар бораи оқибатҳои заминларзаи чанд рӯз қабл рухдода, ки аз он минтақаи шарқи мамлакат осеби зиёд дид, маълумоти тоза пешниҳод кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди Маркази матбуоти КҲФ ва МГ Наргис Нурова хабар дод, дар ноҳияи Тавилдара бар асари заминларза ба беш аз 100 манзили зисти сокинони маҳаллӣ зарур расонида шуда, 50 манзили зист пурра хароб шудаанд.

«Зарари заминларза бештар дар деҳаҳои Хамдара, Чашмаи Кабуд, Гирдоб, Руботнол ва Шӯр ба мушоҳида расида, миёни ин деҳаҳо аз ҳама зиёдтар деҳаи Руботнол осеб дид. Дар ин деҳа 17 манзили зист пурра ва 19 хонаи истиқоматӣ қисман хароб шудаанд», – гуфт Нурова.

Дар Кумита  зикр карданд, ки дар бораи талафоти ҷонӣ маълумот нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, сокини ноҳияи Тавилдара, сардабири газетаи ноҳиявӣ Наҳтутӣ Алиева дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки тибқи маълумоти расмӣ, ҳангоми заминларза 16 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон бистарӣ шудаанд.

«Дирӯз муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон аз макони офатзада боздид кард. Ҳукуматдорон ба ин ҷо як миқдор кӯмаки ғизойӣ ва дигар кӯмакҳо оварда, барои сокинони бештар осебдидаи деҳаи Руботнол хаймаҳо дуруст карда шуданд. Мақомоти маҳаллӣ рӯйхати ниёзмандон ба манзили зистро тартиб дода, ҳаҷми зарари аз офат расида муайян карда мешавад», – иброз дошт Алиева.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои наздик президенти Тоҷикистон шахсан аз маокни офатзадаи ноҳияи Тавилдара боздид карданист.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи якшанбе соати 4:28 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки маркази он дар 152 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 20 километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Рашт воқеъ буд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар марказ қувваи заминларза 6-7 балл, дар шаҳри Душанбе – 4, шаҳраки Ғарм – 6 ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил додааст. Бар асари заминларза сокини деҳаи Тандовчии ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод зери девори манзили худ монда, ба ҳалокат расид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...