Оғози мурофиаи додгоҳии писари генерали милиса

Дар додгоҳи низомии гарнизони вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз гардид, ки моҳи январи соли равон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуда буданд. Тавре раиси додгоҳи низомии вилояти Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, дар курсии айбдорӣ Хуршед Раҳимов, Маҳмадулло Маҷидов ва прапоршики нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии […]

Сайраҳмон Назриев


Дар додгоҳи низомии гарнизони вилояти Хатлон мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи ҷиноии се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон оғоз гардид, ки моҳи январи соли равон бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт шуда буданд.

Тавре раиси додгоҳи низомии вилояти Хатлон Тоҳир Искандаров хабар дод, дар курсии айбдорӣ Хуршед Раҳимов, Маҳмадулло Маҷидов ва прапоршики нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Зиёвуддин Шарифов нишастаанд.

Раҳимов ва Маҷидов ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд гумонбар дониста шуда, Шарифов ба ташкили (иштирок) убури ғайриқонунии марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор карда мешавад. Парвандаи ҷиноӣ 26-уми апрел ба додгоҳ ирсол шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми январи соли равон дар ҷараёни амалиёти махсус дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадулло Маҷидов, мулаққаб ба «Меҳрубон», писари генерал-майори милиса, сардори воҳиди махсуси БДА-и ҷумҳурӣ Ҳабибулло Маҷидов, писари ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Хуршед Раҳимов ва хизматчии ҳарбии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Зиёвуддин Шарифов боздошт шудаанд.

Тавре қаблан ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ба нафари чоруми ин гурӯҳ муяссар шуда буд, ки аз ҷойи содир намудани ҷиноят паноҳ барад ва ӯ Нурулло Одинаев, писари генерал-майори мустаъфӣ Ҳикматулло Одинаев аст. Айни замон Нурулло Одинаев мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Айбдоршавандагон ҳангоми интиқоли ҳудуди 110 кило маводи мухаддир аз минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ боздошт шуда буданд.

Дар таърихи 2-юми феврали соли равон зимни машварати фаврӣ вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов барои камбудиҳои роҳдода ба сардори ниҳоди «Воҳиди махсус» Ҳабибулло Маҷидов, ки таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҳайатҳои воломақоми кишварҳои хориҷиро таъмин мекунад, огоҳинома эълон кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.