Дар Душанбе Рӯзи дави миллӣ доир мегардад

Рӯзи 20-уми май дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чорабинии мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва ҷиҳати иҷрои Фармони […]

ASIA-Plus


Рӯзи 20-уми май дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави миллӣ баргузор мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чорабинии мазкур бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи Ш.Саидов, дави миллӣ рӯзи якшанбеи оянда соати 9:00-и субҳ дар тамоми ноҳияҳои пойтахт оғоз мегардад. Масофа барои иштирокчиён 3 километрро ташкил медиҳад.

«Раиси пойтахт аз тамоми донишҷӯёну толибилмони макотиби олӣ ва таҳсилоти умумӣ, кормандони муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ сарфи назар аз шакли моликиятьашон ва тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал меоварад, ки дар чорабинии варзишии мазкур фаъолона иштирок намоянд», – афзуд Ш.Саидов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.