«Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» нархи билети Маскавро арзон мекунанд

Ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» нархи билети ҳавопаймо ба хатсайри Душанбе-Маскавро арзон мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Тоҷик Эйр» хабар доданд, дар даҳаи сеюми моҳи май ширкат ният дорад, ки нархи билети ҳавопаймо ба самти шаҳри Маскавро аз 450 еврои кунунӣ то ба 440 Евро поин барад. Ҳамчунин аз ширкати […]

Виктория Наумова


Ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» нархи билети ҳавопаймо ба хатсайри Душанбе-Маскавро арзон мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Тоҷик Эйр» хабар доданд, дар даҳаи сеюми моҳи май ширкат ният дорад, ки нархи билети ҳавопаймо ба самти шаҳри Маскавро аз 450 еврои кунунӣ то ба 440 Евро поин барад.

Ҳамчунин аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» низ хабар доданд, ки аввали моҳи июн арзиши билети ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав аз 400 евро  то 370 евро поин бурда хоҳад шуд.

Дар хадамоти матбуоти ширкати «Сомон Эйр» гуфтанд, сарфи назар аз афзоиши тарофаҳои хизматрасониҳои фурудгоҳ, ширкат ин иқдомро зери таъсири муҳити рақобатпазирӣ ва дар робита ба коҳиши шумори мусофирон рӯйи кор оварданист.

«Айни замон ҳамарӯза тавассути хатсайри Душанбе-Маскав аз ҷониби ширкатҳои гуногуни ҳавопаймоӣ 4 парвоз анҷом дода мешавад. Ғайр аз ин, ба самти шаҳри Маскав парвозҳо аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд низ сурат мегиранд», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти ширкат.

Ба қавли котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ Тимур Бандишоев, бо ифтитоҳи хатсайр ба шаҳри Киев, мусофирон акнун аз он низ истифода мекунанд, то ки тавассути транзит аз он ҷо то Маскав расанд.

Бандишоев мегӯяд, феълан арзиши билет ба хатсайрҳои дигари сермусофир, аз ҷумла ба самти Истамбул – 249 евро, Дубай – 200 евро, Санкт-Петербург – 380 евро ва Киев – 220 евроро ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.