Туҳфаи шарқшиноси рус ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Date:


Ҳафтаи равон Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо якуним ҳазор нусха китоб аз маҷмӯи китобҳои шахсии шарқшиноси маъруфи рус аз шаҳри Санкт-Петрбург Михаил Боголюбов ғанӣ мегардад.

Бино ба маълумоти шабаакаи телевизионии НТВ, оилаи шарқшинос ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон китобу қомус ва луғатномаҳои аз ҷониби Михаил Боголюбов таҳия ё навишташударо супурдааст.

Қобили зикр аст, ки шарқшиноси рус Михаил Богоюбов даҳҳо соли умури худро дар экспедитсияву сафарҳо ба Осиёи Миёна сипарӣ намудааст. Дар муддати 35 сол Боголюбов билоиваз ба ҳайси декани факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ифои вазифа кардааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related