Баррасии масоили ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ

Рӯзҳои 16-18-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ – меъёрҳои байнулмилалӣ ва миллӣ» тренинг доир мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» дар ҳамдастӣ бо Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Маркази демокаратӣ оид ба назорати Қувваҳои Мусаллаҳ созмон дода мешавад. Тренинг бо мақсади омӯзиши […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 16-18-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ – меъёрҳои байнулмилалӣ ва миллӣ» тренинг доир мегардад.

Чорабинӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» дар ҳамдастӣ бо Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Маркази демокаратӣ оид ба назорати Қувваҳои Мусаллаҳ созмон дода мешавад.

Тренинг бо мақсади омӯзиши асосҳои ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, шарҳу тавзеҳи кафолату имтиёзҳои муқарраршуда мутобиқи меъёрҳои милливу байнулмилалӣ, механизмҳои дифоъ аз ҳуқуқу манфиатҳои низомиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо баргузор мешавад.

Дар кори тренинг иштироки кормандони Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсони ҶТ, Вазорати мудофиа, Прокуратураи ҳарбӣ, Суди ҳарбӣ, Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ, адвокатҳо ва намояндагони созмонҳои байнулмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назар аст.

Машғулиятҳо дар тренингро коршиносони милливу байнулмилалӣ, аз қабили Гиҷи Гия – роҳбари Дафтари иҷроияи Маркази демократӣ оид ба назорати Қувваҳои Мусаллаҳ, Миндия Вахаладзе – мутахассиси ҳамин марказ ва Самадова Дилафрӯз – ҳамоҳангсози барномаҳо оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» доир мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.