Назорати вазъи бемориҳои сироятӣ дар макони офатзадаи ҷануб

Вазъи имконпазири сар задани бемориҳои сироятӣ дар макони офатзадаи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, ки ноҳияҳои Кӯлоб, Мӯъминобод ва Шӯроободро фаро мегирад, пурра таҳти назорати Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қарор дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзоалӣ Миралиев хабар дод, чанде қабл аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба аҳолии аз офат осебдида […]

Турко Дикаев


Вазъи имконпазири сар задани бемориҳои сироятӣ дар макони офатзадаи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ, ки ноҳияҳои Кӯлоб, Мӯъминобод ва Шӯроободро фаро мегирад, пурра таҳти назорати Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзоалӣ Миралиев хабар дод, чанде қабл аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба аҳолии аз офат осебдида ба миқдори кофӣ доруворӣ ва лавозимоти санитариву гигиенӣ фиристода шудааст.

Ба қавли вай, дар ин рӯзҳои пурташвиш захираҳои дорувории аксари муассисаҳои тиббӣ ба охир расида буданд. «Садҳо оилаҳое, ки манзили зисташон хароб шудаасту дар он зиндагӣ ғайриимкон аст, ба таври умумӣ ва дастаҷамъона дар хонаҳои хешовандону дӯстон зиндагӣ доранд ва маҳз дар ҳамин ҷойҳои ҷамъшавии аҳолии зиёд мо вазъи имконпазири сар задани бемориҳои сироятиро назорат мекунем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки то санаи 15-уми май дар минтақаи офатзада ягон ҳолат гирифторӣ ба бемории сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи апрел ва аввали моҳи майи соли равон бар асари боришоти шадид ва селфаройӣ ҳудуди 400 манзили зист дар минтақаи Кӯлоб қисман ё пурра хароб гардида, даҳҳо оила бесарпаноҳ монданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.