Беш аз 50 млн. $ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар семоҳаи аввал

Date:


Дар семоҳаи авали соли равон корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқиӣ-обии «Роғун» дар ҳаҷми ҳудуди 245 млн. сомонӣ (зиёда аз 50 млн. $) маблағгузорӣ шуданд.

Бино ба маълумоти ҶСК «НОБ-и Роғун» аз оғози корҳои барқароркунӣ аз соли 2007 ба сохтмони иншоот аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 1 млрд. 325 сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Соли 2011 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» наздик ба 813 млн. сомониро ташкил дод.

Ғайр аз ин, моҳи январи соли 2010 нашр ва ҷойгиркунии саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ-и Роғун» амалӣ гардид. Ба аввали моҳи апрели соли равон аз ҳисоби фурӯши саҳмия ва сертификатҳо ба суратҳисоби ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун» дар Маркази хазинадории Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 805 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳо ба сифати кӯмак тақрибан 28,8 млн. сомонӣ ва фоизҳо барои суратҳисобҳои депозитӣ 28,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд.

Саҳмияву сертификатҳо асосан аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳои давлативу хусусӣ харида шуданд.

Ёдрас мекунем, ки арзиши сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳаҷми 2,2 млрд. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...