Иштироки Тоҷикистон дар Ҳамоиши иқтисодии Остона

Санаи 23-юми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона машварати вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Дар кори машварат муовини вазири молияи Тоҷикистон Шавкат Соҳибов иштирок мекунад. Дар машварат баррасии вазъи иқтисоди миллии кишварҳои узви иттиҳод ва ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар назар аст. Машварати вазирони молияи […]

Виктория Наумова


Санаи 23-юми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона машварати вазирони молияи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад. Дар кори машварат муовини вазири молияи Тоҷикистон Шавкат Соҳибов иштирок мекунад.

Дар машварат баррасии вазъи иқтисоди миллии кишварҳои узви иттиҳод ва ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар назар аст.

Машварати вазирони молияи кишварҳои узви ИДМ дар чаҳорчӯби Ҳамоиши V-уми иқтисодии Остона баргузор мешавад, ки ба баррасии масоили таҳдидҳо ва дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон дар шароити тағйироти глобалӣ бахшида шудааст. Дар кори машварат беш аз 6,5 ҳазор вакилон аз 85 кишвари дунё ширкат меварзанд.

Ба сурати умум барномаи ҳамоиш беш аз 40 чорабиниҳои гуногунро дарбар мегирад. Дар ҳошияи кори ҳамоиш таҳти унвони «Роҳи инноватсионии тиҷорат ба иқтисоди рақобатпазир» конгресси инноватсионӣ баргузор мешавад, ки ҳамчунин аз ҳамоиши энергоэкологӣ дар мавзӯи «Ташаббусҳои энергоэкологии Қазоқистон» иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.