Низомхон Ҷӯраев назди суд ҷавоб мегӯяд

Имрӯз дар Суди олии Тоҷикистон баррасии қисмате аз парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев оғоз гардид. Парванда мутобиқи моддаҳои 289, қ. 3 (Қочоқ), 291 (Саркашӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ ҶТ мавриди баррасӣ қарор дорад. Раёсатро дар мурофиа судя Саломат Ҳакимова бар […]

Наргис Ҳамробоева


Имрӯз дар Суди олии Тоҷикистон баррасии қисмате аз парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев оғоз гардид.

Парванда мутобиқи моддаҳои 289, қ. 3 (Қочоқ), 291 (Саркашӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ) ва 340 (Сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и КҶ ҶТ мавриди баррасӣ қарор дорад. Раёсатро дар мурофиа судя Саломат Ҳакимова бар дӯш дорад. Дар толори суд ҳамаи иштирокчиёни мурофиа – ҳамагӣ ҳудуди 10 нафар ҳузур доранд. Вазъи судшаванда Ҷӯраев дарвоқеъ ҳам хуб аст.

Прокурор хуслосаи айбномаро дар бораи якчанд далели қочоқи гандум аз Исфара ба Қирғизистон барои истеҳсоли спирти этилӣ қироат намуд. Ин ҷо сухан дар бораи солҳои 2004-2005 меравад, ки он замон Ҷӯраев корхонаи кимиёи Исфараро роҳбарӣ мекард. Тибқи маводи ҷамъовардаи суд, он замон дар муомилоти ғайриқонунӣ тибқи маслиҳати пешакӣ мақомоти раҳбарии корхона ва шахсони масъули гузаргоҳи гумрукии «Баткен» дар марз бо Қирғизистон иштирок доштаанд. Дар муомилоти мазкур далелҳои сохтакории аснод, бунёди корхонаи бардурӯғ (қалбакӣ)-и «Алмаз» дар Қирғистон ва ғайра ошкор шудаанд.

Ба сурати умум, тафтишот муайн кардааст, ки тайи ду сол гурӯҳи Ҷӯраев 7 амали қочоқи гандумро анҷом додааст, ки ҳаҷми бархе аз ин миқдори қочоқ ниҳоят зиёд – то 700-800 тоннаро ташкил додааст.

Н.Ҷӯраев тибқи айбномаи пешниҳодшудаи мазкур гуноҳи худро қисман эътироф кард. Гузашта аз ин, ба иттилои Агентии зиддифасоди кишвар, қисмате аз маблағи ҳаҷми муқарраршудаи хисороти молии расидаро судшаванда аллакай ба давлат ҷуброн кардааст.

Рӯзи аввали мурофиаи судӣ ба бозпурсии шоҳидони аз Исфара омада бахшида шуд. Соли 2004 аксари онҳо ронандагони автомашинаҳои бузурги боркаш буда, бо пешниҳоди шахсе бо номи «Маҳмадсаид (Маҳмадсаид Байдуллоев – муовини директори корхонаи кимиёи Исфара дар соли 2004) ва пардохти маблағи муайян ба кашонидани гандум аз Исфара то гузаргоҳи гумрукии «Баткен» розӣ шудаанд. Аммо 7-8 автомашина ба гузаргоҳи гумрукӣ расида, маҷбур шудаанд бозпас баргашта, гандумро дар анбори корхона холӣ кунанд, зеро намояндаи корхона ба гузаргоҳи гумрукӣ ҳозир нашудааст.

Ба гуфтаи Бахтиёр Насруллоев, адвокати Низомхон Ҷӯраев, айни замон зерҳимояи ӯ бо шарти тарк накардани макони будубош дар озодӣ қарор дорад. Макони будубоши Ҷӯраев ба хотири амнияти зерҳимояаш дақиқан махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Айни замон аз ҷониби Агентии зиддифасод тафтишот ҷараён дорад, зеро ӯ асосан дар содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ айбдор карда мешавад. Санаи 29-уми март пас аз озодӣ тоҷири дар Маскав нопадидшудаи тоҷик, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Низомхон Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе пайдо шуд. Сипас тавассути телевизион суханронии ӯ намоиш дода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.