Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро маъқул шумориданд.
Зимни суханронӣ дар назди вакилон оид ба шарҳи тағйироту иловаи мазкур вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор кард, ки ин тағйироту илова дар барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии ҳукумат пешбинӣ гардида, ба баланд бардоштани нақши судиҷрочиён дар ҷомеа нигаронида шудааст.
«Мутобиқи тағйирот, аз ин ба баъд судиҷрочӣ бидуни дастури суд ба муваққатан маҳдуд кардани хурӯҷи шахсон ба хориҷи кишвар, ки аз афроди дигар ё дар назди давлат қарздоранд, ҳуқуқ пайдо мекунад, – гуфт вазир. – Ҳамчунин акнун судиҷрочӣ бидуни розигии суд метавонад ҳолатҳои ситонидани ҷарима ё баргардонидани қарҳоро ба муддати якчанд рӯз мавқуф гузорад».
Вакилони парлумон ҳамчунин бидуни баррасӣ тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи давлатии иштирокчиёни истеҳсолоти судӣ»-ро қабул карданд.
Ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурулло Орифов, мутобиқи ин тағйирот, дар сурати эҷод шудани хатар ба ҳаёт, давлат шахсони ба тафтишоти парвандаи ҷиноӣ мусоидатнамударо таҳти муҳофизати худ қарор медиҳад.



