Ваколатҳои иловагӣ ба судиҷрочиёни Тоҷикистон

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ дар назди вакилон оид ба шарҳи тағйироту иловаи мазкур вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор кард, ки ин тағйироту илова дар барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилони палатаи поёнии парлумон бидуни баррасӣ тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро маъқул шумориданд.

Зимни суханронӣ дар назди вакилон оид ба шарҳи тағйироту иловаи мазкур вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор кард, ки ин тағйироту илова дар барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии ҳукумат пешбинӣ гардида, ба баланд бардоштани нақши судиҷрочиён дар ҷомеа нигаронида шудааст.

«Мутобиқи тағйирот, аз ин ба баъд судиҷрочӣ бидуни дастури суд ба муваққатан маҳдуд кардани хурӯҷи шахсон ба хориҷи кишвар, ки аз афроди дигар ё дар назди давлат қарздоранд, ҳуқуқ пайдо мекунад, – гуфт вазир. – Ҳамчунин акнун судиҷрочӣ бидуни розигии суд метавонад ҳолатҳои ситонидани ҷарима ё баргардонидани қарҳоро ба муддати якчанд рӯз мавқуф гузорад».

Вакилони парлумон ҳамчунин бидуни баррасӣ тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи давлатии иштирокчиёни истеҳсолоти судӣ»-ро қабул карданд.

Ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Нурулло Орифов, мутобиқи ин тағйирот, дар сурати эҷод шудани хатар ба ҳаёт, давлат шахсони ба тафтишоти парвандаи ҷиноӣ мусоидатнамударо таҳти муҳофизати худ қарор медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд