Имсол макотиби кишварро 101 ҳазор нафар хатм карданд

Date:


Соли равон макотиби таҳсилоти умумии Тоҷиистонро 101 ҳазор нафар толибилмон хатм карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз шумори умумии хатмкунандагони синфи 11-ум 49%-ашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Имрӯз «Занги камолот» ҳамчунин барои 151 ҳазор нафар хатмкунандагони синфи 9-ум садод дод, ки 45%-ашон духтаронанд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-и макотиби таҳсилоти умумӣ имтиҳонҳо оғоз мегарданд.

Имрӯз дар маҷмӯъ барои 1,7 млн. нафар толибилмони қариб 4 ҳазор мактаби таҳсилоти умумии кишвар «Занги камолот» садо дод.

Дар Вазорати маориф гуфтанд, ба хотири пешгирии ҳолатҳои ногувор ва таъмини бехатарии толибилмон баргузории ҳама гуна чорабиниҳои оммавии хатмкунандагон манъ карда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...