Ташрифи муовини Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон

Date:


Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷрокунандаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов рӯзи 30-юми май бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ хабар доданд, Ю.Федотов аз Афғонистон аввал ба шаҳри Хоруғ ва сипас ба Душанбе меояд.

«Дар пойтахт ӯ дар чорабиниҳо ба муносибати 13-умин солгарди таъсиси Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ширкат варзида, бо мақомоти раҳбарии кишвар дидору гуфтушунид анҷом медиҳад», – гуфтанд дар АНМН.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи чорабиниҳои ҷашнии АНМН рӯзи 31-уми май дар Душанбе оид ба масоили ташкили мубориза бо маводи мухаддир конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия, Афғонистон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд.

«Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе ҳамчунин мулоқоти мақомоти зидди мухаддироти Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мегардад, ки дар он масоили роҳандозии амалиёти муштарак алайҳи паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ мешавад», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...