Ташрифи муовини Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷрокунандаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов рӯзи 30-юми май бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ хабар доданд, Ю.Федотов аз Афғонистон аввал ба шаҳри Хоруғ ва сипас ба Душанбе меояд. «Дар […]

ASIA-Plus


Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, директори иҷрокунандаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов рӯзи 30-юми май бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҷумҳурӣ хабар доданд, Ю.Федотов аз Афғонистон аввал ба шаҳри Хоруғ ва сипас ба Душанбе меояд.

«Дар пойтахт ӯ дар чорабиниҳо ба муносибати 13-умин солгарди таъсиси Агентии зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ширкат варзида, бо мақомоти раҳбарии кишвар дидору гуфтушунид анҷом медиҳад», – гуфтанд дар АНМН.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи чорабиниҳои ҷашнии АНМН рӯзи 31-уми май дар Душанбе оид ба масоили ташкили мубориза бо маводи мухаддир конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия, Афғонистон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд.

«Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе ҳамчунин мулоқоти мақомоти зидди мухаддироти Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мегардад, ки дар он масоили роҳандозии амалиёти муштарак алайҳи паҳншавии маводи мухаддир баррасӣ мешавад», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.