Як сокини Душанбе ба 11,3 ҳазор $ рақами мошин харид

Date:


Як сокини Душанбе дар музоядаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ барои автомашинаи худ ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ (беш аз 1,3 ҳазор $) рақами автомобилии 01-01 АР (01) харид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобили ВКД ҶТ генерал-майори милиса Маҳмадсаид Саидов хабар дод, маблағи мазкур ба буҷети давлатии кишвар ворид мегардад. Номбурда аз ифшои ному насаби харидори ин рақам худдорӣ кард.

Ба қавли ӯ, музоядаҳои фурӯши рақамҳои автомобилӣ аз соли 2010 оғоз гардида, қаблан рақами гаронтарин бо арзиши 40 ҳазор сомонӣ ба фурӯш рафта будааст.

Дар ҳамин ҳол, ба ОИ «Азия-Плюс» дарёфти харидори ин рақам муяссар шуд. Ӯ сокини 30-солаи пойтахт Сиёвуш Ғаффоров аст. Ӯ гуфт, рақамро барои автомашинаи шахсии тамғаи «Лексус»-и худ харидааст. Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соҳибкори хусусӣ буда, ба тиҷорат машғул аст. С.Ғаффоров оиладор буда, соҳиби ду фарзанд аст ва дар яке аз манзилҳои биноҳои истиқоматии баландошёнаи шаҳр зиндагӣ мекунад.

Ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс дар робита ба оё беҳтар набудани масраф кардани ин маблағи бузург ба корҳои хайрия, Ғаффоров изҳор кард, ки бе ин ҳам, зуд-зуд ба хонаҳои кӯдакон туҳфаҳо тақдим мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...