Омодагии Хуҷанд ба Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Рӯзи байнулмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари дунё таҷлил мегардад, омодагӣ мегиранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, ба ин муносибат дар Боғи фароғатӣ-истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Кӯдакон -сарвати бебаҳоянд» […]

ASIA-Plus


Дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Рӯзи байнулмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари дунё таҷлил мегардад, омодагӣ мегиранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, ба ин муносибат дар Боғи фароғатӣ-истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Кӯдакон -сарвати бебаҳоянд» чорабинии идона баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар давраи тобистони соли равон аз миқёси вилоят 106,9 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба чорабиниҳои солимгардонӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.

«Ҳоло дар 13 мактаб-интернат, аз ҷумла, дар 4 мактаб-интернат барои бачагон бо иллатҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ, 3 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат, 5 интернати наздимактабӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат ва дар хонаи бачагон 1254 нафар кӯдакон бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои таълиму тарбия ва муолиҷаи онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд», – изҳор карданд дар хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Зикр гардид, ки айни замон дар 56 литсею гимназия 25,6 ҳазор нафар хонандагони болаёқат таҳсил менамоянд ва дар 200 кӯдакистони вилоят 27,8 ҳазор нафар кӯдакон таълим мегиранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.