Ҳамасола ба ОМ тавассути қочоқ 95 тонна мухаддирот ворид мешавад

Мақомоти расмии мубориза алайҳи маводи нашъаовари кишвари ҳамҷавори Афғонистон изҳор доштаанд, ки ҳамасола тариқи манотиқи шимолии ин кишвар тавассути қочоқ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 95 тонна маводи мухаддир ворид карда мешавад. Бино ба маълумоти хабаргузории Аганистан.ру, чанде қабл муовини вазири мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон Муҳаммад Иброҳим Азҳар дар ҷамъи рӯзноманигорон иброз […]

ASIA-Plus


Мақомоти расмии мубориза алайҳи маводи нашъаовари кишвари ҳамҷавори Афғонистон изҳор доштаанд, ки ҳамасола тариқи манотиқи шимолии ин кишвар тавассути қочоқ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз 95 тонна маводи мухаддир ворид карда мешавад.

Бино ба маълумоти хабаргузории Аганистан.ру, чанде қабл муовини вазири мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон Муҳаммад Иброҳим Азҳар дар ҷамъи рӯзноманигорон иброз доштааст, ки ин миқдор маводи мухаддир ба кишварҳои собиқи пасошӯравӣ танҳо ба воситаи манотиқи шимол интиқол дода шуда, дар қочоқи маводи мухаддири афғонӣ мафияи байнулмилалӣ ширкат дорад.

«Қочоқи беш аз 9 тонна аз ин миқдор маводи мухаддир тавассути музофоти Қундуз ба Тоҷикистон сурат мегирад», – гуфтааст ӯ.

Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, даромади асосӣ аз ин амалҳо ба мафияи байнулмилалии маводи нашъаовар ва гурӯҳҳои ошӯбгарон насиб мегардад.

Айни замон Вазорати мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон дар бораи афзоиши ҳаҷми қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои ҳамсоя тавассути марзҳои шимолии кишвар маълумот медиҳад.

Ҳамасола вазорати мазкур барои нобуд кардани заминҳои кишти кӯкнор ба музофотҳо ҷубронпулиҳои зиёд пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти соли гузаштаи Раёсати мубориза бо маводи нашъаовар ва назорат аз болои ҷинояткории созмонёфтаи СММ, дар Афғонистон 90 дарсад аз ҳаҷми умумии ҳосили маводи мухаддир дар ҷаҳон истеҳсол шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.