Оғози марҳилаи дуюми таҷдиди роҳи мошингарди Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа

Аз 1-уми июн ширкати ҷопонии «Дай Нилтон Констракшн» ба татбиқи марҳилаи дуюми таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа оғоз кард. Дар маросими оғоз бахшидан ба корҳои лоиҳа дар Қӯрғонтеппа муовини вазири нақлиёт Ҷумъахон Зуҳуров, муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров, роҳбарони корхонаву муассисаҳои давлатии вилоят ва намояндагони ширкати паймонкори Ҷопон иштирок карданд. Зимни суханронӣ дар ин […]

Сайраҳмон Назриев


Аз 1-уми июн ширкати ҷопонии «Дай Нилтон Констракшн» ба татбиқи марҳилаи дуюми таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа оғоз кард.

Дар маросими оғоз бахшидан ба корҳои лоиҳа дар Қӯрғонтеппа муовини вазири нақлиёт Ҷумъахон Зуҳуров, муовини раиси вилояти Хатлон Абдуҷаббор Баҳодуров, роҳбарони корхонаву муассисаҳои давлатии вилоят ва намояндагони ширкати паймонкори Ҷопон иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим Ҷ. Зуҳуров барои дастгирии лоиҳа ба ҳукумати Ҷопон изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки марҳилаи дуюми лоиҳа тармиму таҷдиди қисмати иборат аз масофаи 18 км роҳ бо паҳноии 12 метрро дарбар мегирад. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур 5 пул ва дигар иншооти кӯмакрасон низ бунёд мегардад. Маблағи умумии лоиҳа 24 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мутобиқи шартҳои қарордод, ки миёни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати Ҷопон ба имзо расидааст, корҳои таъмиру азнавсозии ин қитъаи роҳ бояд моҳи августи соли 2013 ба итмом расанд.

Ба гуфтаи муовини вазири нақлиёт, бо дастгирии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (JICA) барои сохтмони роҳи мошингарди Панҷи Поён-Дӯстӣ-Қӯрғонтеппа дар маҷмӯъ беш аз 70 млн. доллари ИМА ҷудо гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.