Оғози тамринҳои «Рисолати сулҳовар-2012»-и кишварҳои узви СҲШ

Date:


Дар машқгоҳи Чоруқдаррони вилояти Суғд тамринҳои низомии зиддитеррористии ҳайати фармондеҳиву ситоди Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2012» оғоз мегарданд.

Ба тамринҳои низомии ҷузъу томҳои кишварҳои узви СҲШ фармондеҳи нерӯҳои низомии хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собиров фармондеҳӣ хоҳад кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин тамринҳои низомӣ беш аз 2 ҳазор сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон, Чину Қирғизистон ва Русия ширкат меварзанд. Аз кишварҳои узви СҲШ танҳо воҳидҳои низомии Ӯзбекистон иштирок намекунанд. Алҳол маълум нест, ки бо кадом сабаб Ӯзбекистон аз иштирок даст кашидааст.

Дар тамринҳо амалиёти муштараки нерӯҳои ҳавоӣ, артиллерия ва бронетехника санҷида мешаванд. Аз ҷараёни баргузории тамринҳо мансабдорони воломақоми низомии кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои ҳамҷавор назорат хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд. Давлатҳои Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар СҲШ мақоми нозирро доро мебошанд. Мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ ба Белорус ва Шри-Ланка дода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...