Оғози баррасии судии даъвои ҷабрдида аз шиканҷа

Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии даъвои Савринисо Гулова (ҳамсари ҷабрдида аз шиканҷа Исмоил Бачаҷонов) нисбат ба Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон (минбаъд – ҷавобгар) оид ба аз давлат рӯёнидани ҷуброн дар ҳаҷми беш аз 655 ҳазор сомонӣ (105 ҳазор евро) барои аз даст додани саробон оғоз гардид. Аз ҷониби ҷавобгар даъвои ҷавобӣ […]

Наргис Ҳамробоева


Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баррасии даъвои Савринисо Гулова (ҳамсари ҷабрдида аз шиканҷа Исмоил Бачаҷонов) нисбат ба Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон (минбаъд – ҷавобгар) оид ба аз давлат рӯёнидани ҷуброн дар ҳаҷми беш аз 655 ҳазор сомонӣ (105 ҳазор евро) барои аз даст додани саробон оғоз гардид.

Аз ҷониби ҷавобгар даъвои ҷавобӣ дар бораи аз гунаҳкорони маҳкумшуда рӯёнидани ҷуброн пеш оварда шуд, вале С.Гулова ба ин мавқеи ҷавобгар розӣ набуда, талаб дорад, ки ҷуброн аз ҳисоби буҷети давлат рӯёнида шавад, зеро ҷиноят аз ҷониби шахсони мансабдор зимни иҷрои вазифаҳои хидматиашон дар қаламрави боздоштгоҳи муваққатии 9/1-и шаҳри Душанбе содир гардида буд.

Дар мурофиа ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иштирок кард. Ба сифати шахси сеюм Вазорати молияи Тоҷикистон даъват шуда буд, вале бо сабабҳои номаълум намояндаи вазорат ба мурофиаи судӣ ҳозир нашуд.

Директори созмони ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» Сергей Романов аз қарори одилонаи суд интизорӣ дорад, зеро дар кишвар таҷрибаи аз ҷониби давлат ҷуброн пардохтан барои аз даст додани саробон ба ҳамсар ва фарзандони фавтида вуҷуд дорад. «Дар ҳамин ҳол, таҷрибаи аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт намудани ҷуброн ба ҷабрдидагон аз шиканҷа мавҷуд нест ва даъвои Гулова дар ин масъала нахустин аст», – гуфт ӯ.

Адвокати ҷабрдида Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, дар мурофиа масъалаи қарори суд дар бораи қонеъ кардани даъвои ҳамсарони кормандони фавтидаи низоми иҷрои ҷазо дар бораи аз даст додани саробон нисбат ба Сарраёсати иҷрои ҷазо ба миён гузошта шуда, қайд шуд, ки бо қарори суд пардохти ҷуброни таъиншуда на аз ҳисоби шахсони онҳоро қатлнамуда, балки аз ҳисоби буҷети давлатӣ муқаррар шуд.

«Аз ин рӯ, мо талаб мекунем, ки амалҳои ғайриқонунии кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ нисбат ба И.Бачаҷонов аз ҷониби давлат ба ҳамсару фарзандони ятиммондаи ӯ ҷуброн карда шаванд», – гуфт ӯ.

Исмоил Бачаҷонови 32-сола соли 2009 барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба муҳлати 6,5 сол маҳкум гардида буд. Соли 2011 додгоҳи ноҳияи Сино ба ӯ минбаъд реҷаи низоми шадиди адои ҷазоро ба реҷаи зиндон иваз карда буд. Дар замони ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса ӯ ба боздоштгоҳи тафтишотӣ оварда шуда, фиристодани ӯ ба ҳуҷраи зиндон пешбинӣ гардида буд. Аммо баъди чанде Бачаҷонов ҳангоми мунтақил шудан аз боздоштгоҳ ба Маркази тиббии Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок шуд. Баъдтар Додситонии кулли ҶТ аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт кормандони боздоштгоҳи муваққатии воқеъ дар шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Раҳмонов ва Юсуф Иброҳимов ба муддати 8 сол ҳар кадоме аз озодӣ маҳрум карда шуданд, аммо бо истифода аз қонуни афв онҳо 6-солӣ дар зиндони низомаш шадид адои ҷазо мекунанд. Як корманди дигар Латиф Давлатов ба муддати 3 соли зиндони реҷаи умумӣ маҳкум гардида, мутобиқи қонуни афв аз адои мӯҳлати ҷазо озод карда шуд.

«Пас аз марги шавҳарам се нафар кӯдакони ноболиғи синнусоли аз 2 то 7-сола ба тарбияву сарпарастии  ман монданд. Ман маълумоти синфи шашум дошта, ҳеҷ касбе надорам. Қаблан мо таҳти сарпарастии шавҳарам қарор доштем. Чун ҳамсарам аз амали кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расид, барои аз даст додани саробон ман аз давлат ҷуброни зарарро талаб мекунам», – изҳор кард С.Гулова.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.