Чин баҳри рушди иқтисоди кишварҳои узви СҲШ 10 млрд. $ ҷудо мекунад

Субҳи имрӯз кори ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани сарони давлатҳои нозир, меҳмонони воломақом ва намояндагони созмонҳои зиёди минтақавию ҷаҳонӣ идома ёфт. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, сарони давлатҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао истиқбол гирифта, ба макони аксбардории муштарак даъват намуд. […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз кори ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани сарони давлатҳои нозир, меҳмонони воломақом ва намояндагони созмонҳои зиёди минтақавию ҷаҳонӣ идома ёфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, сарони давлатҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао истиқбол гирифта, ба макони аксбардории муштарак даъват намуд.

Тавре зикр гардид, мавзӯъҳои иқтисодӣ ва амнияти минтақавӣ дар ин ҳамоиш мақоми марказӣ доранд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, аз ҷумла изҳор дошт, ки кишвари ӯ барои дастгирии рушди босуботи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими амну субот дар минтақа бори дигар дар ҳаҷми 10 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзӣ ҷудо менамояд.

Сарвари давлати Тоҷикистон лоиҳаи Самтҳои асосии стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои дурнамои миёнамуҳлатро дастгирӣ намуда, аҳамияти онро барои таҳкими минбаъдаи ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуд.

«Мо «хонаи СҲШ»-ро, ки бо талошҳои муштарак сохтаем, бояд хуб ҳифз намоем, кӯшиш кунем, ки ҳар як узви ин оилаи бузург худро дар он бехатар эҳсос намояд», – таъкид дошт Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қабули Барномаи нави сесолаи мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷудоихоҳӣ ва дигар санадҳои муҳими пешниҳодшударо дастгирӣ намуд.

Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои 10 санади нави ҳамкорӣ ва изҳороти матбуотии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, ки аз номи сарони ҳамаи давлатҳои аъзо сухан гуфт, ба поён расид.

Тибқи қарорҳои қабулшуда, ба Афғонистон мақоми нозири созмон ва ба Туркия шарики он доир ба муколама дода шуд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар қатори 6 кишвари аъзо – Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар ин созмон, ҳамчунин Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон дорои мақоми нозир буда, Беларусу Шриланка шарикони гуфтугӯ ба шумор мераванд. Дар ин ҳамоиш ба ҳайси меҳмон, инчунин сарони давлатҳои Афғонистону Туркманистон иштирок намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.