Собиқ губернатори Иркутск дабири кулли СҲШ таъин шуд

Date:


Сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи ба мансаби дабири кулли созмон таъин кардани собиқ губернатори вилояти Иркутски Русия Дмитрий Мезенсев қарор қабул карданд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, Мезенсев дар ин мансаб намояндаи Қирғизистон Муратбек Иманалиевро иваз кард.

Ҳамчунин бо қарори сарони кишварҳо, директори Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии СҲШ намояндаи Чин Чжан Синфен таъин гардид.

Роҳбарони тозатаъин дар ин мансаб аз 1-уми январи соли 2013 то 31-уми декабри соли 2015 ифои вазифа хоҳанд кард.

Дар нишасти Пекин Чин раёсат дар СҲШ-ро то нишасти дигар ба Қирғизистон супорид. «Ҷаласаи навбатии Шӯрои срони кишварҳои узви СҲШ соли 2013 дар Қирғизистон доир мегардад», – гуфта мешавад дар хабар.

Ба зиммаи котиботи СҲШ вазифаҳои таъмини тадорукотиву техникии чорабиниҳо дар доираи созмон, таҳия ва амлисозии асноди тамоми мақомоти СҲШ ва омодасозии пешниҳодот оид ба буҷети ҳамасолаи созмон вогузор шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...