ВКХ: Қазияи фаронсавиҳоро намояндагии Комиссияи Аврупо баррасӣ мекунад

Имрӯз ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи тафсилоти ҳодиса бо иштироки шаҳрвандони Фаронса ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз Вазорати корҳои дохилии кишвар мактуб расид. Яке аз иштирокдорони ин ҳодиса корманди намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ аст. Ёдрас мекунем, ки санаи 4-уми июн ду нафар шаҳрвандони Фаронса Малика Малкии 41-сола ва ҳамсари 40-солаи […]

Виктория Наумова


Имрӯз ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи тафсилоти ҳодиса бо иштироки шаҳрвандони Фаронса ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз Вазорати корҳои дохилии кишвар мактуб расид. Яке аз иштирокдорони ин ҳодиса корманди намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ аст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 4-уми июн ду нафар шаҳрвандони Фаронса Малика Малкии 41-сола ва ҳамсари 40-солаи ӯ Ҷалол дар ҳолати сархушӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро мавриди лату кӯб қарор дода буданд. Ин ҳодиса дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба вуқӯъ пайваст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳи хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, мактуби Вазорати корҳои дохилӣ ва маводи мансуб ба ин ҳодиса баҳри ҳаллу фасли минбаъда ба намояндагии Комиссияи Аврупо пешниҳод мешаванд.

«Яке аз иштирокчиёни ҳодиса мақоми дипломатӣ дорад ва аз ин рӯ, ин ҳолатро намояндагии Комиссияи Аврупо мустақилона баррасӣ мекунад», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.