Писари раиси пойтахт ба Раёсати консулгарии ВКХ роҳбарӣ мекунад

Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад. Ин таъинот қариб ним сол пеш сурат гирифтааст, вале ВАО аз ин хусус танҳо акнун воқиф шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, то таъин шудан ба мансаби сарвари Раёсати консулгарӣ, Ҷ. Убайдуллоев […]

ASIA-Plus


Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад. Ин таъинот қариб ним сол пеш сурат гирифтааст, вале ВАО аз ин хусус танҳо акнун воқиф шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, то таъин шудан ба мансаби сарвари Раёсати консулгарӣ, Ҷ. Убайдуллоев дар Шуъбаи ҳамкории иқтисодии хориҷии ВКХ ҶТ машғули кор будааст.

Моҳи августи соли гузашта писари дигари раиси пойтахт Амирҷон Убайдуллоев бо фармони президенти Тоҷикистон намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор таъин шуд. Қаблан ин мансабро Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президенти кишвар ишғол мекард, ки феълан муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон аст.

Бино ба маълумоти радиои «Озодӣ», то ҳанӯз дар мансаби роҳбари Раёсати консулгарии ВКХ ҶТ шахсоне чун Баҳром Холназаров, домоди бародари президенти Тоҷикистон ва ҳамчунин духтари президент Озода Раҳмонова ифои вазифа кардаанд. Айни замон Баҳром Холназаров сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Озода Раҳмонова муовини вазири корҳои хориҷӣ мебошанд.

Худи Маҳмадсаид Убайдуллоев муддати беш аз 15 сол аст, ки раиси шаҳри Душанбе буда, аз соли 2000 раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.