«Сафина» бозиҳои Чемпионати футболи Аврупоро намоиш медиҳад

Date:


Шабакаи телевизионии «Сафина» дар бораи маросими ифтитоҳи Чемпионати Аврупо оид ба футбол як барномаеро мавриди таҳия қарор додааст. Бозии нахустин миёни дастаҳои Лаҳистон (Полша) ва Юнон сурат мегирад.

Ба гуфтаи муҳаррири барномаҳои варзишии телевизиони «Сафина» Вамариҷ Муродов, шабака ният дорад, ки тамоми бозиҳои Чемпионати Аврупоро бо забони русӣ намоиш диҳад.

Шабакаи телевизионии «Сафина» ҳамчунин аз ҷараёни чемпионат бо забони тоҷикӣ рӯзномаи чемпионатро низ пешкаш хоҳад кард, ки дар танафуси бозиҳо пахш хоҳад шуд. В.Муродов гуфт, бо иштироки шореҳон ва коршиносони маҳаллӣ аз натоиҷи ҳар як давр натиҷагирӣ хоҳад шуд.

Намояндаи Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ («Шабакаи аввал») изҳор кард, ки дар ин шабака низ бозиҳои Чемпионати Аврупо оид ба футбол намоиш дода мешаванд, вале дақиқан шарҳ надод, ки оё барои ин шабака иҷозатнома дорад ё на.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мувофиқи имкон бозиҳои Чемионати футболи Аврупоро намоиш хоҳанд дод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...