Натиҷаҳои пурсамари сафари президент ба Чин

Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон аз сафари давлатии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Чин (1-5-уми июн) ва иштироки ӯ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (6-7-уми июн) натиҷагирӣ кард. Бино ба иттилои интишоршудаи хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи мувофиқаҳои бадастомада дар ҷараёни ин сафар, Тоҷикистон ба сифати грант, кӯмаки техникӣ ва қарзҳои […]

ASIA-Plus


Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон аз сафари давлатии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Чин (1-5-уми июн) ва иштироки ӯ дар кори нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (6-7-уми июн) натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои интишоршудаи хадамоти матбуоти сарвари давлат, тибқи мувофиқаҳои бадастомада дар ҷараёни ин сафар, Тоҷикистон ба сифати грант, кӯмаки техникӣ ва қарзҳои имтиёзнок  аз Чин ҳудуди 1 млрд. доллари ИМА маблағу воситаҳо дастрас мекунад.

Тибқи яке аз чунин мувофиқаҳо дар муддати кутоҳ дар ноҳияи Шаҳритус бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 3 миллион тонна сементи баландсифати навъи 620 бунёд меёбад, ки дар он беш аз 5 ҳазор кас соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд. Навбати аввали он баъд аз як сол бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент бояд ба кор дароварда шавад.

 Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар муҳлати як соли оянда ба анҷом расонда мешавад ва сармоягузории зиёд ба соҳаҳои гуногун иқтисодиёти Тоҷикистон равона мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.